Пресс- релиз аз 12 апрели 2013.
Озмуни коркарди беҳтарин афзори мобилӣ барои барномасозон ва ҳама хоҳишмадон и тоҷикистони оғоз гардид
Контент провайдери ватании «Зервана» барномасозон ва ашхоси мутаваҷҷеҳро барои ширкат дар озмуни минтақавии таҳияи афзори мобилӣ даъват менамояд. Озмуни мазкур аз ҷониби Лабораторияи Мобилии Минтақавии мамолики Аврупои Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз (mLab ECA) дар ҳамдастӣ бо ширкати ҷаҳонии Nokia ва ҳукумати Финляндия барпо мегардад.
Дар қатори барномасозони касбӣ инчунин ҳама хоҳишмандоне, ки дорои идеяҳои тоза дар таҳияи афзорҳои мобилӣ ҳастанд, барои ҳалли масоили зерин ба озмун даъват карда мешаванд:
- Масоили гуногуни тиҷоратӣ аз қабили интернет – банкинг, пардохтҳои мобилӣ, новбари (навигатсия) ва ғ.
- Рушди дастрасӣ ба таҳсилот (китобҳои интерактивӣ, маълумотномаҳо ва ғ.)
- Рушди имконоти минтақаҳо ва ё ҷомеаҳои дурдаст (дастрасӣ ба иттилоот, муошират, бозиҳои иҷтимоӣ, шиносоӣ ва ғ. )
Дар озмун намояндагони мамолики Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ мисли Украина, Молдова, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Арманистон имкони иштирок доранд.
Барои ширкат дар озмун коркард ва пешниҳоди идеяи афзори мобилӣ инчунин пур кардани дархостнома лозим аст.
Барандагони се ҷоизаи аввал бо туҳфаҳои арзишманд хадр карда мешаванд. Муаллифи идеяи беҳтарин барандаи мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 доллари америкоӣ гардида, ҳуқуқи ширкат дар озмуни байналмилалиро пайдо хоҳад кард, ки мукофотпулиаш 10 000 доллар аст.
Муҳлати охирини супоридани дархостномаҳо 29 апрели соли ҷорӣ муқаррар гардидааст.
Маълумоти муфассалро метавонед дар сайтҳои regionalcontest.com ва contest.zervana.tj ё тавассути телефони (44) 6014545 дар офиси ҶДММ «Зервана» пайдо кунед.